<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Ба номи Худованди ҷонофарин Хд17</title>
<lyrics>[V1]
.     Am                 E
 Ба номи Худованди ҷонофарин,
.                   Am
 Ҳакими сухан дар забон офарин,
.                          E
 Худованди бахшояндаву дастгир,
.                 Am
 Карими хатобахши тавбапазир.

[V2]
 Тамоми замини мо дастархони Ӯст,
 Ҳама биншаста он ҷо, чи душман, чи дӯст.
 Мар Ӯро расад кибриёву манӣ,
 Ки мулкаш қадим асту Зоташ ғанӣ.

[V3]
 Башар ҳадди бузургии Ӯро наёфт,
 Басар охири камоли Ӯро наёфт.
 На бар авҷи Зоташ парад мурғи ваҳм,
 На бар зайли васфаш расад дасти фаҳм.

[V4]
 Ба пои талаб раҳ ба он ҷо барӣ,
 В-аз он ҷо ба боли муҳаббат парӣ.
 Бидаррад яқин пардаҳои хаёл,
 Намонад саропарда ғайр аз ҷалол.</lyrics>
<hymn_number>17</hymn_number>
<key>Am</key>
</song>